Қаблан раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тарҳи нави ислоҳоти системаи тандурустиро ба Конгресси ИМА пешниҳод кард. Тибқи ин тарҳ, аз ҷумла умумӣ кардани бимаи табобат барои тамоми шаҳрвандони Амрико дар назар гирифта шудааст.
Тибқи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 миллион аҳолии ин кишвар аз бима барои табобат маҳруманд ва ё бо қисман аз он бархурдоранд. Барои таъмини тамоми табааи ИМА бо бимаи табобат ва пиёда кардани тарҳи ислоҳоти Барак Обама ҳукумати ин кишварро мебояд 600 миллиард доллар тахассус диҳад, ки аз ҳисоби андозу молиёт хоҳад буд.
Эътирозгарон дар шаҳри Вошингтон аз тарҳи ислоҳоти серхарҷи Барак Обама барои сохтори бима, ки аз ҳисоби андозҳои мардум амалӣ хоҳад шуд, интиқод карданд. Онҳо Обамаро бо талош барои пиёда кардани системи сотсиалистии сохтори тандурустӣ муттаҳам кардаанд.
Мухолифони тарҳи раисиҷумҳури Амрико бар ин назаранд, ки тахассуси садҳои миллиард доллар барои бахши тандурустӣ боиси тавсеаи фасодӣ ва касодӣ дар иқтисоди кишвар хоҳад шуд.
Амрико яке аз кишварҳои дорои соҳаи пешрафтаи тиб мебошад. Ҳарсола барои бахши тандурустии ИМА ҳудуди 2,2 триллион доллар ҷудо мешавад, ки 16 дарсади буҷаи ин кишварро ташкил медиҳад.