Қаблан дар нишасти Ҳизби коммунист ӯ гуфта буд, ки аз ин баъд чун вакили оддии парлумон фаъолият хоҳад кард.
Ҳизби коммунисти Молдова, ки сарварии он бар дӯши Владимир Воронин аст, дар интихоботи ахири парлумонӣ ба дарёфти аксари курсиҳо муваффақ нашуд ва аҳзоби ғарбгарои кишвар, ки дар маҷмӯъ беш аз 50 дар сади мандатҳоро соҳиб шудаанд, ҳукумати навро таъсис хоҳанд кард.
Тибқи Қонуни асосии Молдова, то интихоботи нави раёсатҷумҳур сарварии кишвар бар дӯши раиси парлумон Михай Гимпу вогузор хоҳад шуд.
Шарҳҳоро бинед (2)
Боз кардани шарҳи бештар