Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук роҷеъ ба натиҷаҳои интихобот таҳаммул хост


Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон аз мунаққидони интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дархост кард, ки "зуд ба хулоса нарасанд". Вай дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфтааст, бояд ба Комиссияи мустақили интихоботӣ имкон дод, то он қабл аз арзёбиҳои мардум шумориши орои интихобкунандагонро ба поён расонад. Вай гуфтааст, баргузории даври дуввуми интихобот "роҳи муносиб" нест. Аз сӯи дигар, Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ, ки аз он СММ ҳимоят мекунад, натиҷаҳои интихобот дар 80 ҳавзаи интихобтиро ба сабаби роҳ додан ба тақаллуб ботил кардааст. Ҳоло баъд аз шумориши 90 дарсади оро президент Ҳомид Карзай беш аз 54 дарсад рай ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG