Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро шинохт


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес, ки бо сафаре дар Русия аст, имрӯз эълон кард, ки кишвараш истиқлолияти ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф мекунад.

Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавез дар дидор бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар Маскав, гуфт, кишвараш сар “аз имрӯз” истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият хоҳад шинохт.

Вай афзуд: "Мо ба зудӣ барои роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишварҳо иқдом хоҳем кард."

Президент Медведев аз ин изҳороти Чавез сипосгзуорӣ кард ва гуфт: “Мо чунин мешуморем ва мешумурдем, ки шинохтан ё нашинохтани субъектҳои нави ҳуқуқи байнулмилал дар ихтиёри ҳар яке аз кишварҳост. Мо албатта, ба сарнавишти ин ду давлат бетафовут нестем ва аз чунин тасмими ту ман сипосгузорӣ мекунам.”

Изҳороти Чавез дар ҳоле садо медиҳад, ки то ҳоло ба изофаи худи Русия танҳо Никарагуа Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохтааст. Ҳатто кишварҳои шӯравии собиқ, ки ҳамроҳи Русия дар чандин созмону иттиҳод коршариканд, аз эътирофи ду минтақаи ҷудоихоҳ худдорӣ карданд.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар ибтидои солҳои 1990 аз Гурҷистон ҷудо шуда, ҳамеша аз пуштибонии ошкорои Маскав бархӯрдор буданд. Вале то моҳи августи соли 2008 Русия истиқлолияти онҳоро эътироф накарда буд.

Баъд аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон барои Осетияи Ҷанубӣ Маскав эълом дошт, ки ҳарду минтақаро ба ҳайси давлатҳои мустақил эътироф мекунад. Мақомоти олии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ инро ҳам рад накардаанд, ки метавонанд, рӯзе ба бахшҳои Русия табдил ёбанд.

Аммо Гурҷистон, ки аз тарафи як ҳукумати ғарбгаро идора мешавад ва хостори узвият дар Паймони Атлантики Шимолист, Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро бахшҳои ҷудоинопазири худ медонад, ки муваққат дар ишғоли нерӯҳои Русия қарор доранд.

Изҳороти Чавез ҳамчунин дар ҳоле эълом шуд, ки вай аз як сӯ хитобаҳои зиддиамрикоии худро идома медиҳад ва аз сӯи дигар хостори таъсиси иттиҳоди кишварҳои содиркунандаи газ ё ОПЕК-и газист, ки муштариёни газро дар Ғарб ба ташвиш овардааст.

Ба ҳамин мақсад вай дар ду ҳафтаи ахир аз Либия, Алҷазоир, Сурия, Эрон ва Туркманистон дидан кард. Ташаббуси ӯ дар ин кишварҳо вокуниши омехтае ба бор овардааст. Русия, ки низ талош дошт бо Туркманистону Узбакистон ва бархе аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс ин мавзӯъро матраҳ мекард, ҳанӯз ба ин пешниҳоди Чавез посух надодааст.

Вале намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, бо Чавез дар Маскав як силсила созишномаҳои муҳиме ба имзо хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG