Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон мегӯяд, ба Тоҷикистон наравед


Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон аз шаҳрвандони кишвараш хостааст, ки аз сафар ва сайру саёҳат ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Ин гуна дархостро идораи сиёсати берунаи Озарбойҷон дар робита ба Афғонистон ва Покистон низ ироа кардааст. Ба иддаои ин ниҳод, дар ин кишварҳо бино ба задухурдҳои сиёсӣ ва марзӣ, ҷой доштани зуҳуроти хатарзое аз қабили тероризм ва одамрабоӣ, кафолати амнияти комил барои шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки 5 августи соли равон низ вазорати умури хориҷии Озарбойҷон аз шаҳрвандонаш ин гуна дархост ва сабаби нигаронии худро бо ҳаводиси табий, аз қабили заминларза, обхезиҳо дар водии Рашт ва минтақаҳои минакоришудаи марзи Тоҷикистону Узбакистон марбут карда буд. Аммо ин дафъа Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон, ба монанди Тавилдара, Дарвоз, Ванҷ, Рашт, Исфараи вилояти Суғд ва Рудакиро барои сайру саёҳат ноамн ва хатарзо донистааст.
XS
SM
MD
LG