Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми хуши рабоиши ҳавопаймо


Ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Мексика, ҳавопаймои Boeing 737-и ширкати AeroMexico, ки аз шаҳраки фароғатии Канкун рабуда шуда буд, ахиран дар фурудгоҳи пойтахти кишвар Мехико поин шуд. Ба нафаре аз 104 мусофир осеб нарасидааст ва ҳамаи онҳо ҳавопайморо тарк карданд. Хабаргузориҳои маҳаллй менависанд, ҳавопаймо аз сӯи шаҳрвандони Боливия рабуда шуда буд ва онҳо таҳдид карда буданд, ки агар иҷозаи мулоқот бо раисҷумҳури Мексика Фелипе Калдеронро дарёфт накунанд, ҳавопайморо инфиҷор хоҳанд кард. Нерӯҳои амниятй вориди Boeing-737 шуданд ва шаш нафарро боздошт карданд. Вазири нақлиёти Мексика изҳор намуд, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG