Намояндагони ҳукумати кишвари мизбон, вакилони корпусҳои дипломатӣ, ҳамчунин гурӯҳи тоҷиктаборони муқими шаҳри Бишкек ва донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон ба Бишкек барои таҳсил омадаанд, чанд соат худро дар фазову муҳити тоҷикона эҳсос карданд.
Дар маросими ифтитоҳи ин ҷашн Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, гуфт, дар ин рӯзҳо мардуми кишвараш 18-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистонро ба таври хос ҷашн мегирад. Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо гузашти солҳо истиқлолияташро таҳким бахшидааст ва дар арсаи байналмиллалӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи худро ишғол кардааст.
Элбек Иброимов, ноиби вазири хориҷаи Қирғизистон, зимни суханронӣ ба он нукта таваҷҷӯҳи ҳозирини маҷлисро кашид, ки равобити кишвараш бо Тоҷикистон беш аз пеш густариш меёбад. Ба гуфтаи Элбек Иброимов, ин ду халқро риштаҳои хешу таборӣ ба ҳам мепайванданд. Вай гуфт, ин риштаҳои хешутаборӣ аз издивоҷи баҳордур Манас ба тоҷикдухтар Бибӣ Робия сарчашма гирифтаанд.
Баъд меҳмонони ҷашнвора ба атрофи дастурхони идона даъват шуданд, ки аз нозу неъмат пур буд, вале аксарият ба мизе наздик мешуданд, ки бӯғи палави тоҷикӣ ба ҳаво фаввора зада, ҳамвора бӯи хушеро ба димоғ мезад, ки иштиҳои ҳозирини маҷлисро бедор карда буд.
Бо истифода аз фурсат ба иштирокчиёни ҷашнвора микрофон доштам.
Азимҷон Ҳотамбеков: «Ман ба ҳайси як муҳоҷири тоҷик, ки бо аъзои хонаводаам солҳои зиёд дар шаҳри Бишкек ба сар мебарам ва ҳамеша орзӯи ба Ватан бозгаштанро дар дил мепарварам, ҳамаи ҳамватанони азизамро бо 18-умин солгарди истиқлолияти кишварамон табрику таҳсин мегӯям. Иди ҳамаи мову шумо муборак бошад!»
Шоир Сиёвуш: «Фазое, ки ҳоло мо қарор дорем, фазое аст, ки боис шудааст, ҳар яки мо худро дар Тоҷикистони азиз ҳис кунем. Аз як тараф суруди дилангези классикӣ ин фазоро гуворотар кардааст ва аз сӯи дигар ширкати меҳмонони зиёд ин таровати идонаро афзудааст, ки ба хотири таҷлили иди истиқлолияти кишвари мо омадаанд. Истиқлолияти Тоҷикистон имсол ба синни 18 расидааст, ки онро синни камол мегӯянд. Ман синни камоли кишварамро ба ҳамагон табрик мегӯям ва истиқлолият, ки неъмати бузург аст, ҳар яки мо бояд ин неъматро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ид муборак, ҳамватанон!»
Баъд сурудҳои шӯху қашанг баланд шуд ва гурӯҳи ҷавонони тоҷикро ба майдони рақс кашид. Ин фазо табъи хуши меҳмонони ҷашни истиқлоли Тоҷикистонро боз ҳам болидатар сохт.

Писар неъмату духтар раҳмати Илоҳӣ ҳастанд. Кош медонистанд ин бехирадон, ки аз неъматҳо пурсида мешаванду бо доштани духтарони солеҳа ҳар дари чаҳаннам ба рӯи падар баста мегардад... Мо дар оила 7 духтар паи ҳам таваллуд шудаем дар дунёву охират фахри падар хоҳем гашт Ин ша Аллоҳ...
дар хакикат поен рафтестем ободи ва. пешрави он вакт мешавад заводу фабрикахо бисер бошан маоши хуб хамаи шахрвандон дар ватани худ кор кунанд инро меган пешрави пешрави и шумо арчаву гулшинони шукрона кардан 30 сол шид айб нестай мардум дар марс хона задестан мо бошем нони хурдани надорем
Пулакӣ шудани хизмат роҳи қонунии гурез аз сафири Артишро барои фарзандони мансабдорони воломақом муҳаё месозад. Пулдор маблағ месупоранд аз хизмат озод,аммо камбағал,ки пул надорад, чун пештара ба хизмат таёр...
ба чи холат мардум карор доранд бояд хамаи коркунони давлат иваз шаванд ягон каси ино аз ухдаи давлат ва халк набароманд
100 хазор сомонат аз сарат монад. Бечорахо фарзандшона аз даст додаанду шумо бошед дар фикри пул.