Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати энержӣ аз баҳри лимит гузаштанист


Вазорати энерживу саноати Тоҷикистон ба ҳукумат ду роҳи таъмини нирӯи барқ дар фасли сармои дарпешистодаро пешниҳод кардааст. Ин вазорат бо дарназардошти фаровонии об ва имконоти бештари ҳосилшуда ҷиҳати воридоти нирӯи барқ аз Туркманистон гуфтааст, ки тавони таъмини хубтари мардум бо нирӯи барқро дар зимистони имсола дорад.
Сомонаи Бӣ Бӣ Сӣ менависад, роҳи аввале, ки вазорат пешниҳод кардааст, таъмини бидуни маҳдудияти мардум бо нирӯи барқ аст, вале давлат дар ин роҳ бар изофаи 1 миллиарду 200 миллион киловатт-солат барқе, ки бояд аз Туркманистон бигирад, боз тақрибан ба 300 миллион киловатт нирӯи дигар зарурат пайдо мекунад. Роҳи дуввум лағви лимит танҳо барои шаҳрҳову марказҳои навоҳӣ ва тавзеъи нирӯи барқ ба рустоҳо танҳо дар ҳаҷми 10 соат дар шабонарӯз будааст.
Ин дар ҳолест, ки алакай дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон тавзеъи нирӯи барқ бо маҳдудият сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG