Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони умрбоди собиқадори ҷанги Ироқ


Додгоҳи федеролии Амрико дар аёлати Кентаккӣ як сарбози собиқи амрикоиро бо ҷурми таҷовуз ба номуси як духтари 14-солаи ироқӣ ва қатли ӯву се узви дигари хонаводааш ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Стивен Грини 24-сола, ки соли 2006 дар наздикии Бағдод даст ба ин ҷиноят задааст, дар маҷмӯъ 5 ҳукми ҳабси абадӣ гирифт ва ҳаққи афв шудан нахоҳад дошт. Қозӣ Томас Рассел аъмоли Гринро “ғайриқобилитасаввур, ғайриқобилитавҷеҳ ва нобахшиданӣ” номид. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боз 4 сарбози дигар дар Амрико маҳкум ба зиндон шудаанд. Аз ҷумла 3 нафар – ба ҳабси умрбод.
XS
SM
MD
LG