Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози лаҳистонӣ дар Ғазнӣ ҷон дод


Рӯзи ҷумъа бар асари як таркиш дар тақрибан 3-километрии пойгоҳи нирӯҳои Лаҳистон дар минтақаи Гирои вилояти Ғазнӣ, дар шарқи Афғонистон, як сарбози лаҳистонӣ кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд. Лаҳистон дар ҳайъати нирӯҳои НАТО Афғонистон ҳудуди 2000 сарбоз дорад. То кунун дар он кишвар 11 сарбози лаҳистонӣ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG