Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти нав дар Урумчии Чин


Мақомоти Чин мегӯянд, ки бенизомиҳои ахир дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон аз сӯи ҷудоихоҳони маҳаллӣ созмон дода шудааст.

Дар ин бора имрӯз вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Цзянчжу изҳорот пахш кард. Дар Урумчӣ полис ба хотири пароканда кардани намоиши эътирозии чиноиҳо аз гази ашковар истифода бурд. Чиноиҳо талаб доранд, ки ҳукумат амнияти онҳоро таъмин кунад, зеро вақтҳои ахир онҳо пайваста мавриди ҳамлаи уйғурҳои маҳаллӣ қарор мегиранд.

Моҳи июли соли равон бар асари низоъи қавмӣ дар Урумчӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.

Cаҳнаҳои тазоҳуроти рӯзи 3 сентябрро дар ин видео бубинед.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG