Ин семинар бо ибтикори Маркази женевагии масолили сиёсати бехатарӣ ва пажуҳишгоҳи Норвеж дар масоили байналмиллалӣ дар Фарҳангистони САҲА, мақараш, баргузор шуд.
Дар он коршиносони масоили сиёсии кишварҳои Авруосиё, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ, ИМА, Аврупо ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд.
Сафир Эндрю Тесорер, раҳбари намояндагии САҲА дар Бишкек, изҳор кард, ки баргузории ин семинар мавҷудияти як шабакаи нерӯманди байналмиллалӣ ва минтақавиро собит хоҳад кард, ки масъалаҳои суботу амнияти Осиёи Марказиро дар меҳвари гуфтугӯи иштирокчиёни он қарор медиҳад.
Дар семинар мазӯъҳои таъсири бӯҳрони Афғонистон ва Гурҷистон ва сиёсати амнияти Осиёи Марказӣ, геополитикаи энержии барқ, раёсати Қазоқистон дар САҲА барои соли 2010, нақши созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар таъмини амнияти минтақа ва нақши сиёсати Амрико, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Русия дар баробари Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Коршиноси масоили сиёсӣ Фарҳод Толибов ба Бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ин семинар ошкор кард, ки фазои Осиёи Марказӣ чӣ таҳаввулоти сиёсиро паси сар менамояд ва мақомоти кишварҳои минтақа дар баробари онҳо чӣ вокунише нишон медиҳанд.
Вай афзуд, ки дар ҷараёни семинар коршиносон дар мавриди бархӯрд бо ин таҳаввулот пешниҳодҳои ҷолиб дар миён гузоштанд, ки истифодаи он дар бобати ҳифзи суботу амнияти минтақавӣ омили хеле муҳим хоҳад буд.
Ба ақидаи Фарҳод Толибов, таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ як хатари воқеист ва як кишвар танҳо қодир нест, ки ин таҳдидро аз байн бубарад.
Тағой Раҳмонов, сармутахассиси Маркази таҳқиқоти стротегии назди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки мавзӯи омили Афғонистон ва амнияти кишварашро бо ширкаткунандагони семинар муҳокима кард.
Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, қочоқбарони маводи мухаддир ҳамеша марзи кишварашро вайрон мекунанд ва амнияти онро зери хатар қарор медиҳанд. Бар асоси шаҳодати ин манбаъ, маҳз дар пешорӯйи ин таҳдид қарор доштани Тоҷикистон мунҷар ба баррасии ҳамин мавзӯъ гашт, ки вай ба ҳозирини семинар арз кард.
Семинари байнулмиллалӣ дар Бишкек ду рӯз идома дошт ва натиҷаву хулосаҳои он расман эълон карда мешавад.

Ин номанависхо камтар шарм кунен тамоми бизнесхои ругани дасти шумодахай монен ами мардак камтар барои халк кор кунад. Ё барои хешу табораш Рохбар интихоб кард халки бечора. Маълум аст ки 17 ширкат бо ном ширкат аст дар мачмуъ як нафар ё ду нафар рулит мекуна. Хела чамш кен то соли 2500 мераса пули чамкардагитон. Озоди нашр кун ки хонагд то донанд ки офтобро бо доман пушонида намешава агар пушони хама чи дар майдон мемона
Ачиб! Ин миллати мо кай аз гайбат даст мекашида бошанд. Точикои мо зуранд бахудо фариштаро хам хатоашро меёбанд ( манзури ман на хама) Бас куненд гайбатро. Бехтарин шахс буд ягона кори бехтаринаш ин буд ки динро бо сиёсат омехта намекард ба мисли дигархо. Рухат шод боду чоят чаннат. 🤲
Hej goh tarafdori siesatu din nabudam , lekin ohi bined, dar garmii 45 daraja, ki dehkonon aknun asosan zanon hastand , bo in koraahon, hama kasali dil meshavand, Janobi oli mardvor, natarsida guftand, aknun diga in farz kori shakhsii har kasi alohida, leki be choplusi, gapi sardori davlat ham jon dorad.
Мухтарам монополисто нархи нафт 40 дрллар буд чиба бензин 3 сом нашид???
Аз шарҳои зерин бармеояд, ки ҳанузам Салафиҳо "падполный" алови кафошон хомуш нашудааст ва Пули хоҷагонашонро ҳалол карда истодаанд...