Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машрубот дар сафорати Амрико дар Кобул манъ шуд


Сафорати Амрико дар Афғонистон машруботро дар бинои сафорат манъ ва ба манзури назорат бар посбонони ин бино як намояндаи бахши амнияти дипломатиро таъйин кардааст. Ин иқдом ба дунболи иддаоҳо дар бораи бадахлоқиҳову бадрафтории ҷинсӣ дар қароргоҳи посбонони қарордодии ин сафорат сурат мегирад. Гуфта мешавад, сафир Карл Эйкенберрӣ ва раҳбарони дигари сафорат имрӯз ба манзури баррасии ин мавзӯъ ҷаласа ороста, посбононро мавриди бозҷӯӣ низ қарор додаанд. Ахиран як созмони мустақили назоратӣ бо номи Барномаи назорати давлат дар номае ба вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон навишт, ки посбонони хусусӣ аз ширкати ArmorGroup дар қароргоҳи худ шабнишиниҳо бо машруботи фаровону бо рақсҳои урён ташкил карда, афғонҳоро мавриди таҷовуз қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG