Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маъмури Ал-Қоида дар Доғистон кушта шуд


Нирӯҳои амниятии Русия мегӯянд, як маъмури шабакаи Ал-Қоидаро дар ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистон дар минтақаи Қафқози шимолӣ ба ҳалокат расондааст. Як мақоми амниятии рус гуфт, ки нафари кушташуда шаҳрванди Алҷазоир буда, дар байни чирикиҳо бо тахаллуси “Доктор Муҳаммад” маъруф буд. Ӯ ва як чирикии дигар шоми якшанбе дар пайи ҳамлаи мақомот ба як манзил дар наздикии марзи Чеченистон кушта шуданд.
Мақомоти Русия созмонҳои тундрави хориҷии исломиро дар таъмини молии силсилаи ахири хушунатҳо дар Қафқози шимолӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG