Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бартарии Карзай аз Абдулло Абдулло афзоиш ёфт


Дар Афғонистон, тибқи иттилоъи пешакӣ, бартарии раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай аз рақиби аслияш дар интихоботи президентӣ, собиқ вазири умури хориҷаи кишвар Абдулло Абдулло, афзоиш ёфт. Баъди дарёфти иттилоъ аз тақрибан сеяки қитъаҳои интихоботӣ эълон шуд, ки аз номзадии Карзай беш аз 46 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд ва доктор Абдулло беш аз 31 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст. Барои пирӯзӣ дар даври аввал яке аз номзадҳо бояд ба дарёфти беш аз 50 дар сади раъйҳо муваффақ шавад.
Натоиҷи ниҳоии интихобот моҳи сентябр баъд аз тафтиши арзу шикояти номзадҳо аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот эълон хоҳад шуд. Ба иттилоъи Комиссиюни бозрасии арзу шикоятҳо, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллии Афғонистон беш аз 2 ҳазор арзу шикоят дар бораи қонуншиканиҳо зимни овоздиҳӣ сабт шудааст. Гуфта мешавад, ки 270 далели овардашуда басо ҷиддиянд ва дар сурати тайид шуданашон ба натоиҷи ниҳоии раъйдиҳӣ таъсир хоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG