Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Булғористон газ фурӯхтанист


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи ҷумъа дар пайи мулоқоти як рӯз қабли худ бо ҳамтои булғораш Георгий Парванов дар София гуфт, Ишқобод омода ҳаст, солона ба Булғористон беш аз 2,5 миллиард метри мукааб газ бифурӯшад. Бердимуҳаммадов зимни ин сафари ахираш аз Туркия, боз як кишвари дигари транзитӣ дар тарҳи лӯлаи гази Nabucco дидан кард. Туркманистон нисбат ба ин тарҳ, ки таҳти ҳимояти ИА бояд сохта шуда, гази Осиёи Марказиро ба бозори Аврупо бирасонад, таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG