Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод бо ал-Ҳаким видоъ гуфт


Рӯзи ҷумъа ҳазорон ироқӣ ба хотири видоъ бо яке аз рӯҳониёни пурнуфузи шиъаҳои ироқӣ Абдулазиз ал-Ҳаким ба кӯчаҳои Бағдод рехтанд. Расми видоъ бо ал-Ҳаким дар масҷиди Бағдод доир шуд. Раҳбари Шӯрои олии исломӣ, бузургтарин ташаккули сиёсии шиъаҳои Ироқ рӯзи чоршанбе бар асари саратони шуш дар Теҳрон даргузашт.
Ба хотири пешвоз гирифтани ҷанозаи ал-Ҳаким рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ, сарвазир Нурӣ Моликӣ ва дигар раҳбарони сиёсии Ироқ дар фурудгоҳи Бағдод ҷамъ шуданд. Моликӣ дар фурудгоҳ аз ҷумла гуфт: “Вақте ки диктатура суқут кард, шумо дар хатти пеши ҷабҳа дар байни онҳое будед, ки масъулияти эъмори Ироқи ҷадид, таъсиси равандҳои сиёсӣ ва ташкили муассисоти давлатии ин Ироқи навро бар дӯш гирифтед.”
Ҷанозаи ал-Ҳаким аз Бағдод ба шаҳри муқаддаси Карбало бурда шуда ва рӯзи шанбе дар Наҷаф ба хок супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG