Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гимпу раиси парлумони Молдова интихоб шуд


Парлумони Молдова рӯзи ҷумъа дар нахустини иҷлосияаш баъд аз интихоботи рӯзи 29 июл Миҳай Гимпу, номзади эътилофи аҳзоби рӯ ба Ғарбро раис интихоб кард. Ин раъйгирӣ баъд аз тарки иҷлосия кардани вакилони коммунист доир шуд. Ҳизби коммунист ҳар навъ имкони ташкили эътилоф бо аҳзоби либералро радд мекунад. Эътилофи 4 ҳизби рӯ ба Ғарб, ки интихоботи 29 июлро бурд, барои ташкили кобинаи вазирон шумори кофии курсиҳои парлумонро дар даст дорад, вале ин теъдод барои интихоби номзади ин эътилоф ба президентии Молдова кифоят намекунад. Аз ин рӯ, мавзӯъи интихоби нафаре, ки Владимир Воронини коммунистро дар курсии президентии Молдова иваз кунад, ҳамоно печида боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG