Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ орзуи саёҳатро ба Лаура феълан манъ кард


Додгоҳи Ҳолланд иҷрои тасмими як духтари 13-соларо, ки мехост бо заврақ ба саёҳати гирди ҷаҳон барояд, муттаваққиф кард. Додгоҳ Лаура Деккерро барои ду моҳ таҳти масъулияти мақомоти давлатии масъули нигоҳубини атфол гузошт. Як равоншиноси мустақил бояд тайи ин муддат тавони ӯ барои анҷоми ин саёҳати дусоларо бисанҷад. Мақомот ба ин далел, ки ин сафар метавонад ба зиёни рушди ҷисмониву равонии Лаура Деккер мунҷар шавад ва хеле хатарнок ҳам ҳаст, ба додгоҳ муроҷиат карданд. Лаура бо падараш дар як киштӣ даро маркази Ҳоллан ба сар мебарад ва волидайнаш гуфтаанд, мухолифи саёҳати ҷаҳонии ӯ нестанд.
XS
SM
MD
LG