Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод муҷозоти рақибонашро мехоҳад


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи ҷумъа хостори ба масъулият кашонидани раҳбарони мухолифин бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои эътирозие шуд, ки Эронро баъд аз эълони пирӯзии ӯ дар интихобот фаро гирифт.
Аҳмадинажод, ки дар баробари ҳазорон намозгузор дар намози ҷумъа дар Теҳрон сухан меронд, гуфт, набояд фақат он фаъолоне, ки ба додгоҳ эҳзор шудаанд, ҳукм бигиранд, балки бояд алайҳи он раҳбароне, ки ҳодисоти пасоинтихоботиро идора мекарданд, низ иқдомоти шадиди қонунӣ иттихоз шавад. Аҳмадинажод аз раҳбарони мухолифин мушаххасан касеро ном набурд, вале гуфт, касе аз онҳо набояд масуният дошта бошад.
Рақибони шикастхӯрдаи Аҳмадинажод – Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ ва ҳамин тавр раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммади Хотамӣ иддао доранд, ки пирӯзии ӯ дар интихоботи 12 июн тавассути тақаллуб ба даст омадааст.
Феълан дар иртикоби эътирозҳои пасоинтихоботӣ 140 нафар дар Эрон ба додгоҳ эҳзор шудаанд.
XS
SM
MD
LG