Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи сахти Ҳолбрук бо Карзай


Хабаргузориҳо аз қавли мақомот менависанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурии Афғонистон байни раиси кунунии он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай ва фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук як гуфтугӯи сахт сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин мақомот, Ҳолбрук дар бораи фасод ва даъвоҳо пиромуни тақаллуби натоиҷи интихоботи 20 август изҳори нигаронӣ кардааст. Дар як сӯҳбати сари дастурхон дар Кобул дар таърихи 21 август Ҳолбрук, ба гуфтаи мақомот, ҳамчунин аз аъмоли номзадҳое, бо шумули Карзай, ки мехоҳанд ҳанӯз то эълони натоиҷи расмии интихобот бо эълони пирӯзии худ ин натоиҷро пешқазоват кунанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки Ҳолбрук имкони баргузории даври дуввуми интихобот байни Ҳомиди Карзай ва рақиби аслиаш – вазири пешини умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳро баррасӣ кардааст.
Бар асоси шумориши 17 дарсади оро, Карзай ҳудуди 9 фоиз бар Абдуллоҳ бартарӣ дорад. Натоиҷи ниҳоии интихоботи Афғонистон ғолибан дар моҳи сентябр эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG