Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Душанберо гарду ғубор тира кардааст


Имрӯз гарду ғубор ҳавои пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи ноҳияҳои марказиву ҷанубии ин кишварро тира кард. Ҷамила Байдуллоева-раиси Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, гирдбоду туфон ин гарду ғуборро аз Эрон ва аз манотиқи шимолии Афғонистон ба Тоҷикистон овардааст. Маҳмад Сафаров-яке дигар аз раҳбарони ин марказ гуфтааст, гирдбод ва борон дар натиҷаи туфони шадид аз самти ғарб дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба вуҷуд омадааст. Бино ба иттилоъи ин манобеъ, ҳавои ғуборолуд то 27-ӯми август дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG