Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи иллати марги Майкл Ҷексон


Бино ба гузориши расонаҳои Амрико, сабаби марги Майкл Ҷексон - овозхони маъруфи ҷаҳонӣ, истифодаи беш аз ҳадди доруи хоб будааст. Дар санадҳои додгоҳ, омадааст, ба Майкл Ҷексони гирифтори бемории бехобӣ, ки бидуни доруҳои сахттаъсир хобида наметавонист, миқдори марговари доруи "пролофол"-ро додаанд, ки сабаби аз кор мондани дил ва дар натиҷа марги ӯ шудааст. Додситонҳо дар Амрико, ки иллатҳои марги ногаҳонии Майкл Ҷексони 50-соларо таҳқиқ мекунанд, ба табиби хусусии ӯ Конрад Мюррей таваҷҷӯҳ намудаанд, ки рӯзи марги Ҷексон дар сари болини ӯ будааст. Майкл Ҷексон рӯзи 25 июн дар хонааш бар асари аз кор мондани дилаш даргузашт.
XS
SM
MD
LG