Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии Эрон барои ҳамкорӣ бо IAEA


Эрон гуфт, ки ҳамкориро бо Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ идома хоҳад дод. Ҳасан Қашқавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, дар пешорӯи оғози фаъолияти давлати нави Маҳмуди Аҳмадинажод сиёсати таҳримоти ҳастаии худро дар қиболи Эрон ҷиддан бознигарӣ кунанд.
Ин изҳори назари Ҳасани Қашқавӣ ҳамагӣ як рӯз қабл аз нашри гузориши навбатии Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ роҷеъ ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон нашр шуд. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки Эрон дар талоши сохтани силоҳҳои ҳастаист. Аммо Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG