Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори афғон дар Покистон кушта шуд


Афроди мусаллаҳ дар сарзаминҳои қабиланишини шимолуғарби Покистон як хабарнигори афғонро кушта ва як ҳамкори ӯро захмӣ кардаанд. Ҷонуллоҳ Ҳошимзода, ки барои телевизиони “Шамшод”-и Афғонистон кор мекард, ва як ҳамкораш дар роҳи бозгашт аз шаҳри марзии Торхам ба Пешовар ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Далели ҳамла рӯшан нест ва то ҳол ягон гурӯҳ масъулияти анҷоми ҳамла ба мошини ҳомили хабарнигоронро бар ӯҳда нагирифтааст.
Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши имсолааш гуфта буд, ки хабарнигорон беш аз ҳар куҷои дигар дар Покистон кушта мешаванд ва хабарнигорони маҳаллӣ дар ин кишвар ҳам аз сӯи мақомоти амниятӣ ва ҳам аз ҷониби ҷангиёни толиб таҳти таҳдид қарор доранд.
XS
SM
MD
LG