Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Карзайро дар тақаллуб муттаҳам мекунад


Абдуллоҳ Абдуллоҳ-рақиби аслии интихоботии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон ӯро муттаҳам кардааст, ки бо истифода аз мақоми давлатӣ ва мақомоти ҳукуматӣ Ҳомид Карзай мехоҳад дар натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи панҷшанбе тақаллуб ворид кунад. Абдуллоҳ, ки замоне дар ҳукумати Карзай вазири умури хориҷа буд, гуфтааст, ки вай бо номзадҳои дигар дар тамос аст ва агар аз 36 номзад касе натвонад барои пирӯзӣ райи кофӣ ба даст орад, вай имкони ташкили эътилофро бо номзадҳои дигар баррасӣ хоҳад кард. То рӯзи сешанбеи оянда натиҷаҳои муқаддамотии интихобот мунташир нахоҳанд шуд. Дар назар аст, ки натиҷаҳои ниҳоӣ моҳи оянда ба нашр расад. Агар ин ду рақиби аслӣ ё Ҳомид Карзай ва ё Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар даври аввал бештар аз 50 дарсад рай ба даст наоранд, дар он сурат даври дуввуми райдиҳӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG