Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Ӯзбекистон кушта шуд


Дар марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон Суюсов Хайруллоҳ-сокини 36-солаи деҳи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент аз тири марзбонони Ӯзбекистон ба ҳалокат расидааст. 22-юми июл Хайруллоҳ талош кардааст, берун аз гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд марзро ғайриқонунӣ гузарад, вале марзбонони Ӯзбекистон бидуни огаҳии қаблӣ ё ҳушдор ба сӯи вай тир холӣ кардаанд. Хайруллоҳ бо захми тир ба бемористоне дар Самарқанд интиқол дода шудааст. Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст, бо вуҷуди ин ки дар ин бора миёни ҳар ду ҷониб тавофуқоти зарурӣ вуҷуд дорад. Се рӯзи пеш Хайруллоҳ аз захми тир ҷон додааст ва имрӯз дар бораи ин ҳодиса ҷониби Ӯзбекистон ба хешовандони марҳум хабар додааст, то ҷасади ӯро бигиранд.
XS
SM
MD
LG