Ба иттилои расонаҳои мустақил, Сирғак Абдилдоев, ки вақтҳои охир дар ҳафтаномаи «Репортер-Бишкек» ба ҳайси хабарнигор ифои вазифа мекард, мавриди таъқиби ашхоси номаълум қарор дошт. Гуфта мешавад, хабарнигор ба манзури таъмини амнияти худ ва аъзои хонаводааш озими яке аз кишварҳои аврупоӣ шудааст ва ҳамчун паноҳанда ба сар мебарад. Аммо дар мавриди номи кишваре, ки Абдилдоев он ҷо паноҳ бурдааст, расонаҳои мустақил ишора накардаанд.
Моҳи марти соли равон як гурӯҳ ашхоси номаълум дар яке аз хиёбонҳои серодами шаҳри Бишкек ба Сирғак Абдилдоев ҳамла оварданд. Бар асари ин ҳамла, хабарнигор чанд зарби корд хӯрд ва бо ҷароҳатҳои басо вазнин фавран ба бемористон интиқол дода шуд. Бо талошҳои пизишкон Сирғак Абдилдоев ҷон ба саломат бурд. Ҳамкорон ва ҷомеаи хабарнигорони Қирғизистон сӯиқасд ба ҷони Сирғак Абдилдоевро ба фаъолияти касбии вай марбут арзёбӣ карданд. Аммо ба гуфтаи ҳамкорони Абдилдоев, таҳдиду таъқиб дар муқобили ин хабарнигор баъди анҷоми сӯиқасди ноком низ дубора идома пайдо кардааст.
Султон Қоназаров, муассиси ҳафтаномаи «Репортер-Бишкек», гуфт, ашхоси номаълум дар дарвозаи ҳавлии Абдилдоев навиштаеро овезон кардаанд, ки «Як аспро тайёр кун». Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар миёни мардуми қирғиз таомуле пойдор аст, ки баъди фавт пайвандони шахси фавтида як аспро сар мезананд ва мардумро ба хӯрдани таоме даъват мекунанд, ки аз гӯшти ин асп тайёр кардаанд. Таъкид гардид, ки маҳз ин ишораи ашхоси номаълум барои қирғизҳо маънои таҳдиди хеле ҷиддиро касб мекунад.
Қаблан, Чулпон Орозобекова, сардабири ҳафтаномаи «Де-Факто», чопи Бишкек, қаламрави Қирғизистонро тарк карда буд. Баъди нашри як мақола дар саҳифаи ин ҳафтавор, ки як мақоми баланди вазорати дохиларо зери интиқод қарор дода буд, Чулпон Орозобекова ба таъқиб мувоҷеҳ шуда буд. Гуфта мешавад, ин журналист низ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст.
Ба гуфтаи коршиносони масоили матбуот, баъди инқилоби лолаии 24-уми марти соли 2005 рӯ ба гурез ниҳодани журналистон Ғайрат Биримқулов ва Турат Бектенов, кушта шудани хабарнигори ӯзбактабори ӯшӣ Алишер Соҳибов, бар асари латукӯби ходими милиса ба ҳалокат расидани хуғабарнигори маҳаллӣ Алмос Ташиев ва амсоли ин аз бад шудани вазъи озодии баён дар Қирғизистон шаҳодат медиҳанд.