Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мазнуни қазияи Локкербӣ ба Либия баргашт


Як шаҳрванди дар дами марги Либия, ки бо зинни даст доштан дар инфиҷори ҳавопаймои мусофирбар дар осмони Локкербӣ дар Шотландия маҳкум ба зиндони абад шуда буд, дирӯз ба Либия баргашт. Рӯзи панҷшанбе мақомоти Шотландия Абдулбосит ал-Миғраҳиро ба далоили башарӣ озод карданд. Вазири адлияи Шотландия Кеннӣ МакАскилл гуфт, Миғраҳӣ нисбат ба 270 қурбонии суқути он ҳавопаймо ҳусни тараҳҳуме аз худ нишон надод, вале набояд дар ин рӯзҳои охири ҳаёташ нисбат ба ӯву аҳли хонаводааш айни рафторро кард.
Аммо Кохи Сафед билофосила аз қарори раҳоии Миғраҳӣ изҳори таассуф кард. Миғраҳӣ танҳо нафари маҳкумшуда дар иртикоби парвандаи бомбгузории ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии Пан Ам буд, ки соли 1988 болои шаҳри Локкербӣ дар Шотландия суқут кард.
XS
SM
MD
LG