Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон - чорроҳаи қочоқи инсон?


Зулфия Байсакова, муҳофизи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, мегӯяд, ин кишвар чорроҳаи қочоқи инсон аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои хориҷист.

Ғолибан қочоқбарон қурбониёни қочоқи инсонро аз кишварҳои ҳамсоя, мисли Ӯзбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон, ба ин ҷо оварда, баъд ба Аморати муттаҳидаи Араб, Туркия, Исроил, Куриёи ҷанубӣ, Юнон, Русия ва Аврупои ғарбӣ мефиристанд.

Онҳо агар занону духтаронро ғолибан бо мақсадҳои фаҳшо истифода намоянд, бисёр мардон ва баъзе занону кӯдаконро аз кишварҳои ҳамсоя ба худи Қазоқистон ва хориҷа барои дар сохтмон ва кишоварзӣ чун ғулом истифода бурдан меоранд. Ин ҳам як роҳи ғуломист.

Вале ба гуфтаи хонум Зулфия Байсакова, раиси иттиҳоди марказҳои бӯҳронии Қазоқистон ҷиҳати мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил, бисёрии муҳоҷирон намедонанд, ки ҷабран ба коре маҷбур кардани онҳо ва додани музди ночиз ва ё умуман ройгон аз заҳмати онон истифода бурдан низ аз навъҳои ғуломӣ аст.

Дар соли 2008 ниҳодҳои интизомии кишвар (Қазоқистон) 20 ҳодисаи қоҷоқи инсонро ошкор карданд, ки аз 50-тоаш қочоқи ноболиғон аст ...
Хонум Байсакова аз он нигарон аст, ки солҳои ахир дар Қазоқистон шумораи қурбониёни тиҷорати инсон дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, дар соли 2008 ниҳодҳои интизомии кишвар 20 ҳодисаи қочоқи инсонро ошкор карданд, ки аз он 5-тоаш қочоқи ноболиғон аст. Чаҳор парвандаи ҷиноӣ барои дуздии одамон ҷиҳати истифодаи онҳо дар корҳои гуногун, 11 парвандаи ҷиноӣ барои ҷалб ба танфурӯшӣ ва 226 парванда барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахонаҳо боз карда шуд.

Вале, тавре Алена Куринчук, узви гурӯҳи ташаббускори «Бирлик», ки алайҳи қочоқи инсон мубориза мебарад, мегӯяд, ин арқом баёнгари воқеии қочоқи инсон дар кишвар нест. Зеро дар ағлаби маврид қурбониёни қочоқи инсон ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намекунанд.

Хонум Куринчук мегӯяд, боре онон дар шаҳри Алмаато ба кӯчаи Сайфуллин, ки дар он ҷо бештар занону духтарони сабукпо ҷамъ меоянд, рафта бо онҳо сӯҳбат карданд. Маълум гардид, ки аз 17 духтари боздоштшуда 11 нафар таъйид карданд, ки қаблан ҷабран дар ин кор истифода шуда буданд.

Ба ҷуз ба мақсадҳои фаҳшо истифода бурдани занону духтарон дар навъи дигари қочоқи инсон, яъне чун ғуломвор кор фармудани одамон дар ин кишвар, низ миёнҷиҳо нақши асосӣ мебозанд. Онҳо ё худ ба кишваҳои дигар рафта, ба истилоҳ, гурӯҳҳои корӣ созмон медиҳанд ва ё дар марз муҳоҷиронро бо ваъдаи дарёфти кори хуб ба доми фиреби хеш мекашанд ва баъд ба дигарон мефурӯшанд.

Ҳамчунин аз тариқи ширкатҳо даъват кардани одамон низ чун роҳи дигари қочоқи инсон ба мушоҳида мерасад. Аз ин хотир муҳофизони ҳуқуқи инсон ҳушдор медиҳанд, ки барои ба дасти қочоқбарони инсон наафтодан ҳар шахс бояд бидонад, ки ба куҷо меравад ва ӯ бояд бо забони он кишвар сӯҳбат карда тавонад ва ҳатто ниҳоди интизомиро бояд дар ҷараён гузорад, ки вай ба кадом ширкат меравад.

Ҳамчунин қабл аз сафар нишонии ҷои кори оянда ва нусхаи шиносномаи хешро ба пайвандонаш бигзорад. Коршиносон таъкид мекунанд, муҳим ин аст, ки ҳангоми сафар набояд ба ҳар шахси бегона, ки ба шумо кор пешниҳод мекунад, бовар кард. Агар мабодо ба дасти қочоқбарон афтед, бояд бо ҳар роҳе ба ниҳоди интизомӣ хабар диҳед ва ё агар ин ҳодиса дар Қазоқистон рух диҳад, ба телефони боварӣ, ки рақамаш 88000800015 аст, занг занед. Ин телефон, ба гуфтаи хонум Байсакова, алъон шабу рӯз бетаваққуф кор мекунад.

XS
SM
MD
LG