Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро аз "рӯйхати сиёҳ" берун карданд


Осаф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, ҳини дидор аз Душанбе, 29-уми июли 2009
Осаф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, ҳини дидор аз Душанбе, 29-уми июли 2009

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, мегӯяд, Покистон Тоҷикистонро аз руйхати кишварҳои сиёҳ хат задааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамакнун будубоши шаҳрвандони тоҷикистонӣ набояд дар ин кишвар мавриди назорат ва манъ қарор бигирад.

Покистон дар ҳоле Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои, ба истилоҳ, «сиёҳ» берун кашидааст, ки мақомоти зирабти Тоҷикистон аз хатари раванди таҳсилкардагони тоҷик дар Покистон бонги изтироб мезананд ва мегӯянд, ки таҳсил дар мадориси ин кишвар боиси пайдо шудани равияҳои тундрави ифротгароии динӣ, ба гунаи Салафия, Ҷамоаи Таблиғ, дар кишвар гардидааст, ки ба амнияти кишвар латма мезананд.

Сарфи назар аз он, ки барои таҳсил дар мактабҳои динии Покистон барои шаҳрвандони тоҷик гирифтани раводид душвор аст ва қариб, ки дастнорас аст, вале имрӯз беш аз 300 нафар шаҳрвандони тоҷик дар мадориси исломии ин кишвар таҳсил мекунад.

Сарфи назар аз он, ки барои таҳсил дар мактабҳои динии покистон барои шаҳрвандони тоҷик гирифтани раводид душвор аст, имрӯз беш аз 300 нафар тоҷик дар мдаориси исломии ин кишвар таҳсил мекунад ...
Ваҳобҷон Абдулазизов, сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Вазорати маориф, гуфт, вазорат танҳо дар асоси бурс барои таҳсил роҳхат медиҳад. Гуфта мешавад, ки Вазорати маориф тавони назорат кардани раванди ҷавононеро, ки ба Покистон барои таҳсил мераванд, надорад. Ва имсол дар асоси созишномаи дутарафа ҳамагӣ 10 нафар ҷавонони тоҷик барои омӯзиши фанҳои техникӣ ба ин кишвар мераванд.

Давлат Назрӣ, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, он ҷавононе, ки ба Покистон барои таҳсил мераванд, роҳҳои гуногунро истифода мебаранд ва назорати ин афрод ҳам ғайриимкон аст.

Вай гуфт, «вақте онҳо раводид мегиранд, намегӯянд, ки барои таҳсил меравем. Вақте мераванд, воситаҳоро меёбанд ва таҳсил мекунанд. Дар ин бора бисёр маълумот дорем. Ин на танҳо дар Покистон, балки кишварҳои арабӣ ҳам ҳаст».

Маъмулан падидаи таҳсили ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ, бавижа Покистон, баъди ҷанги шаҳрвандӣ шакл гирифт. Намоз, як нафар хатмкардаи яке аз мадрасаҳои исломии Покистон, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озоди гуфт, вақте онҳо гуреза шуда, ба Афғонистон рафтанд, пешвоҳои Иттиҳоди нерӯҳҳои мухолифин ӯ ва чанд нафар ҷавони дигарро ба мадрасаҳои Покистон барои хондан фиристоданд. Ба гуфти ӯ, шароити таҳсил дар ин ин кишвар беҳтар будааст ва онҳо бе раводид бо истифода аз мақоми гурезагӣ таҳсил кардаанд.

Саъди Юсуфӣ, ки хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии исломии Исломободи Покистон аст, мегӯяд, таҳсил дар донишгоҳҳо ва ё мадрасаҳои Покистон чандон ҷойи ташвиш надорад. Зеро сарфи назар аз он, ки Покистон на он қадар кишвари ором аст, вале донишгоҳҳо ва мадрасаҳои тарақикарда дорад.

Оғои Юсуфӣ бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҷомеаи мо мусулмонист ва насли нав мехоҳад аз фановарии муосир бархӯрдор бошад, табиист, ки талаботи ин насл ҳам рӯи арзишҳои исломӣ ва замонавӣ шакл мегирад.

Дар ҳоле ки ҳамсӯҳбатам аз шароити хуби таҳсил дар донишгоҳҳои Покистон ёдовар мешавад, сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, ки сатҳи таълим дар мактабҳои динии Покистон нисбат ба мактабҳои динии Тоҷикистон паст буда, ҳамзамон шароити таҳсил, зиндагии донишҷӯён ва таъминоти онҳо дар Тоҷикистон бомаротиб беҳтар аст.

Сиёсатшинос Қурбон Гиёев мутмаин аст, ки роҳандозии раводиди расмии Тоҷикистон бо кишвари исломии Покистон хуб аст. Зеро равобити иқтисодии ҳар ду кишвар мусбат аст. Вале бояд раводид зери назорат гирифта шавад, то аз он ҳолатҳои сӯйистифода сурат нагирад. Чун дар Покистон гурӯҳҳои тундгаро ва ҳаракатҳои ғайрирасмии исломӣ фаъолият доранд.

Ба қавли таҳлилгар ҷавон Далери Ғуфрон, бо вуҷуди он ки донишгоҳи исломӣ дар Тоҷикистон расмӣ гардид ва дар он фанҳои замонавӣ ва исломӣ омӯзонида мешавад, аммо ин маънои онро надорад, ки хостаҳои ҷавонони муҳассил дар Тоҷикистон куллан бароварда мешавад. Барои ҳамин ҷавонон бо ҳар роҳе набошад, барои баровардани хостаҳои хеш ба Покистон мераванд.

Сафири Тоҷикистон афзудааст, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ се нафар шаҳрвандони тоҷик барои ғайриқонунӣ зист карданашон дар ин кишвар боздошт шудаанд. Пас хат задани Тоҷикистон аз «рӯйхати сиёҳ»-и Покистон, пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ барои таҳсили ҷавонон дар Покистон ва гаравидани ҷавонҳои тоҷик ба равияҳои тундрави динӣ то куҷо метавонад хушоянд гардад, вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG