Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони машҳур ва олами ҷиноӣ


Муштзани машҳури қазоқ Ермек Сериков
Муштзани машҳури қазоқ Ермек Сериков

Қатли "Тайсони қазоқ", Йермек Сариков, яке аз даҳҳо ҷинояти зишти марбут ба варзиш дар шӯравии собиқ аст, ки ҳамон идома доранд.

Аммо дар ин ҳамлаҳои маргбор ва ҷиноятҳои созмонёфта худи варзишгаронро ҳам гунаҳкор медонанд, ки бо даромадҳои зиёд, фирефтаи зӯри бозу ва ё шӯҳрат мешаванд.
Дар ҷумҳурии мо ҳам дар чанд соли гузашта баъзе аз варзишгарони шинохтаро куштанд. Ҳамингуна дар маҷмӯъ сабаби ин зуҳурот, беаҳамиятӣ ба варзишгарон ва ё дахолати худи онҳо ба корҳои бад аст...

Ӯро барои шуҷоату нотарсиаш дар майдон “Тайсони қазоқ” мехонданд, чун рақибоне зиёде ба мушти ӯ тоб оварда наметавонистанд.

Аммо Ермек Сериков - муштзани қавиҳайкали қазоқ дигар ба касе таҳдид намекунад, зеро ин “муштзани дурахшон ва беҳтарин умеди” Қазоқистонро ҳафтаи гузашта афроди мусаллаҳ паронда куштанд.

Пулис гуфт, ки таҳқиқи қазияро шурӯъ кардааст, аммо ҷузъиётеро ошкор накардааст. Вячеслав Титовский – мураббии Сериков, мегӯяд, шогирди ҷасурашро ба хотири дастовардҳояш ҳадаф гирифтаанд.

"Ӯ инсони хуб ва кӯшо буд. Ӯ марди воқеъӣ буд ва хислати хуб дошт. Мо ӯро “Тайсони қазоқ” мегуфтем, зеро ӯ воқеъан нотарс буд. Ва бубинед, ҳамин нотарсиаш ӯро ба инҷо расонд."

Серикови 20-соларо ба пояш тир заданд ва ӯ ҳангоми ҷарроҳӣ ҷон дод. Ҳукумати Қазоқистон, ки нисбат ба варзишгаронаш саховатманд аст, барои пирӯзиҳояш ба Сериков 300 000 доллар ҳадя карда буд.

Ҳоло ба эътиқоди бисёриҳо, ҳамла кори дасти авбошонест, ки натавонистаанд, “ҳаққ"-и худро аз муштзани маъруф биситонанд.

Есей Женисулӣ, шореҳи варзишии қазоқ мегӯяд, дар паси қатли қаҳрамони секаратаи муштзанӣ дар Осиё ва дигар варзишгарони қазоқ “ҷиноятҳои созмонёфта” қарор дорад: "Қотилони Ермек Сериков маълум нестанд, аммо возеҳ аст, ки “ҷинояти азиме” дар паси ин қатл ҳаст. Айни ҳамин бо Аскар Шайхиев – қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштӣ, ё муштзан Абдусалан Нурмаханов, ё Бектош Абубакров – муштзани маъруфи Қазоқистон рух додааст. Ҳамчунин набояд фаромӯш кунем, ки муштзани дигар Ермахон Иброҳимов низ башиддат латукӯб шуд. Ончӣ ки мо мебинем, қадр нашудани қаҳрамонони мо аз тарафи ҷомеа аст. Ҷомеа онҳоро эҳтиром намекунад ва нодида мегирад."

Пас аз суқути шӯравӣ бештар аз 20 варзишгари маъруф аз кишварҳои собиқи он ба таври шубҳаангезе ҳалок шудаанд ва бисёре аз онҳо дар Қазоқистон. Мустафо Озтурк – устоди таеквондоро соли 1993 заҳр доданд, дар ҳамин сол қаҳрамони хоккей Марат Жексенбоевро теғ заданд ва ҷасади қаҳрамони кикбоксинг Эрхон Содиқовро дар бордони мошини худаш пайдо карданд. Ду сол пештар Андрей Литвиненко – футболбози маъруфро низ дар як хонаи холӣ овехта ёфтанд.

Бубек Қодирқулов – мураббии футбол аз Қирғизистон мегӯяд, баъд аз суқути шӯравӣ, беаҳамиятӣ ба варзишгарон онҳоро дар баробари ҷинояткорон осебпазир кард ва ё ба ҳалқаи гурӯҳҳои ҷиноӣ андохт. "Сабаби қатли варзишгарони маъруф дар воқеъ он аст, ки баъди суқути шӯравӣ аксарияти варзишгаронро ба ҳоли худ гузоштанд ва ё нодида гирифтанд. Онҳо интихоби дигаре ба ғайр аз ширкат дар тиҷоратҳои ғайриқонунӣ, ё пулситонӣ надоштанд. Дар ҷумҳурии мо ҳам дар чанд соли гузашта баъзе аз варзишгарони шинохтаро куштанд. Ҳамингуна дар маҷмӯъ сабаби ин зуҳурот, беаҳамиятӣ ба варзишгарон ва ё дахолати худи онҳо ба корҳои бад аст. "

Сергей Канев , корогоҳи ҷиноятҳо дар арсаи варзиш аз шаҳри Маскав, ҳам мегӯяд, баъзе аз варзишгарони ҷавон, ки шӯҳратёр мешаванд, фирефтаи ин шӯҳрат шуда, ба доми маҳфилҳои тиҷоратӣ меафтанд ва дар ниҳоят дучори мусибат мешаванд.

Аммо танҳо варзишгарони алоҳида нестанд, ки ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад.

Баъзе аз муштзанҳову мураббиёни қазоқ аз тарси таҳдид ба онҳо, аз гуфтӯгу бо Радиои Озодӣ доир ба марги Ермек Сериков худдорӣ варзиданд.

Ҳамин кофист, ки ба гуфтаи Ессей Женисулӣ хабарнигор қазоқ, мақомот бояд дар амри муҳофизати варзишгарон кори бештаре кунанд.

"Ман намефаҳмам, чаро муштзанонро мекушанд. Ба андешаи ман сабабҳое вуҷуд дорад, ки мо аз он огаҳ нестем. Шояд, муносиботи хусусӣ бошад, ё мушкили тақсими насибае бо касе. Аммо муҳимтарин чиз, кишвар бояд ба амнияти шаҳрвандонаш аҳамият диҳад, зеро онҳо обрӯи кишварро боло мебаранд."

Дар Қазоқистон, муштзанӣ варзиши маҳбуб аст. Соли 2000 дар Бозиҳои олимпии Сидней аз Қазоқистон, ки нисфи аҳолии аёлати Калифорнияи Амрикоро надорад, баробари ин кишвар муштзанҳо ба майдон баромаданд.

Суннатҳои қадимаи ҷангии қазоқҳо ва пули зиёде, ки варзишгарон мегиранд, аз омилҳои рушди муштзанӣ дар Қазоқистон ба ҳисоб меравад.

Барандагони нишони тилло аз Қазоқистон 250 000 доллар ҷоиза мегиранд, ки ҳатто варзишгарони кишварҳои саховатманде ба мисли Чину Амрико ин маблағро орзу мекунанд. Аммо ҳамин ҷоизаҳои саховатмандона ҳам варзишгаронро ба бало гирифтор мекунад.

Масалан, сару садои зиёде ҳаст, ки Бекзод Сатторхонов қаҳрамони муштзанӣ аз Қазоқистон пас аз пирӯзӣ дар бозиҳои Сидней дар соли 2000-ум аз тақсими ҷоизаи пулиаш сарпечӣ кард ва ҳалокати ӯ дар як садамаи нақлиётӣ дар ду моҳи баъд наметавонист, тасодуфӣ бошад, зеро ду ҳамроҳи дигари вай зинда монданд.

Дигар аз қаҳрамонҳои Қазоқистон, вазнбардор Иля Илйин ҳам баъди овардани нишони тилло аз Бозиҳои олимпии Пекин баъди ҷанҷоле дар як тарабхона маҷрӯҳ шуд, вале то кунун доир ба ин қазия ошкор сӯҳбат накардааст.
XS
SM
MD
LG