Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷи ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон


Гурӯҳи Толибон бо чанд бобмгузориву ҳамла дар саросари Афғонистон дасти кам даҳ нафарро куштанд. Аз ҷумла як маргталаб имрӯз мошини бомбгузоришудаашро ба корвони мошинҳои сарбозони НАТО дар наздикии пойгоҳи низомии Амрико дар шарқи Кобул кӯбид ва камаш ҳашт нафарро ҳалок кард. Дар миёни қурбониёни ин ҳодиса, ғайринизомиён, сарбозони нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ва ду корманди маҳаллии Созмони Милал ҳам ҳастанд. Дар шарқи Афғонистон бар асари як таркиши бомб, ду сарбози амрикоӣ ҳалок шуданд. Пештар аз ин тундравон бо партоби минаҳо ба Кобул ва Ҷалолобод даҳ нафарро маҷрӯҳ карданд.Ҳамлаву харобкориҳо дар Афғонистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ авҷ гирифтааст, ки рӯзи панҷшанбе баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG