Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи фаъоли Толибонро дастгир карданд


Бино бар гузоришҳо, нерӯҳои амниятӣ дар Покистон, Мавлавӣ Умар - як сухангӯи баландпояи Толибонро, дар марз бо Афғонистон дастгир кардаанд. Ба иттилоъи хабаргузории “Ассошиейтед Пресс”, Мавлавӣ Умарро бо ду шарикаш ҳангоми ҳаракат дар мошин дар як минтақаи қабоилнишини Вазиристони Ҷанубӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, дар пайдо намудани ӯ, қабиласолорони маҳаллӣ мусоидат намудаанд. Мавлавӣ Умар – аз сӯхангӯёни фаъоли созмони Таҳрики Толибони Покистон ба ҳисоб мерафт.
XS
SM
MD
LG