Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи маргталабона ба нерӯҳои байналмилалӣ дар шаҳри Кобул имрӯз дасти кам 6 нафар кушта ва бештар аз 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Саманта Трулав – сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон, гуфт, чанде аз сарбозони ин нерӯҳо дар натиаҷаи инфиҷори мошини бомбгузоришудаи як маргталаб захм бардоштаанд. Ҷангҷӯёни Толиб, масъулияти ин бомбгузории интиҳорӣ дар яке аз шоҳроҳҳои аслӣ дар шимоли Кобулро бар дӯш гирифтанд. Толибон таҳдид кардаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистонро, ки рӯзи панҷшанбе баргузор хоҳад шуд, ба ҳам мезананд.
XS
SM
MD
LG