Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди дигарбораи Толибони Афғонистон


Толибон имрӯз дигарбора таҳдид карданд, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон баҳам хоҳанд зад, ки рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Гурӯҳи Толибон бо ирсоли баёнияе ба матбуот гуфтааст, “тамоми муҷоҳиддин бояд бар асоси фармонҳои пешина, барномаҳои худ ба зидди душманро амалӣ кунанд”. Мақомоти расмӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаргуна ҳамлаҳои шӯришиён, бо нерӯҳои амниятӣ тамоми қаламрави Кобулро ҳалқа гирифтаанд. Чанд рӯз пештар, як бомбгузори маргталаб, бо ҳамла ба қароргоҳи НАТО дар Афғонистон ҳафт нафарро кушт ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG