Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи занон дар ҳукумати Афғонистон


Хонум Ҳақбино ҳам ҳар субҳ салла бар сар ва либоси мардона ба бар карда, бо силоҳе дар китф барои сӯҳбат бо мардум ва раъйдиҳандагон меравад.

Аз нигоҳи аввал касе пай намебарад, ки ӯ як зан аст. Хонум Ҳақбино, ки чанд соли қабл аз сӯи қавми худ ба ҳайси раҳбар интихоб шуда, барои амнияти худ либоси занонаашро ба мардона тағйир додааст, яке аз номзадҳои шӯрои вилоятӣ аз минтақаи Хӯст аст.

Ӯ имрӯз мисли дигар номзадҳои шӯроҳои вилоятӣ дар маҷлисҳо ҳозир шуда, ба суолҳои мардум посух мегӯяд ва ба дарди дили онҳо гуш медиҳад. Хонум Ҳақбино итминон дорад, ки мардум ба вижа занон дар интихобот ба тарафдории вай раъй хоҳанд дод. Ҳарчанд мегӯяд ӯ, шеваи либоспӯшиаш на ба ҳамаи занони афғон писанд аст.

Хонум Ҳақбино гуфт, «аввал ин ки ман худ либоси мардонаро хеле хуш дорам. Бо ин либос ман метавонам ба ҳар ҷо биравам ва бо ҳар ки сӯҳбат кунам. Ҳарчанд баъзан ин амали ман барои бисёр занони афғон хушоянд нест».

Вале ин танҳо хонуми Ҳақбино нест, ки ба хотири бехатарии худ силоҳ ба даст гирифтаву салла ба сар мекунад. Нотбибӣ Умарӣ -номзади дигар ба вакилӣ дар шӯрои вилоятӣ аз минтақаи Хӯсти Афғонистон, ки чандин аъзои хонаводааш кушта шудаанд ва худи ӯ низ борҳо таҳти таҳдид қарор гирифтааст, ҳамеша бо худ силоҳ дорад ва танҳо не, ҳамроҳ бо ҳамсар ва муҳофизаш мегардад.

Нотбибии 45-сола мегӯяд, агар дар Афғонистон амнияти занон таъмин шавад онҳо низ метавонанд ба осонӣ пешрафт кунанд, вале ҳоло бесаводӣ, беамниятӣ ва афзоиши таҳдиду табъизи ҷинсӣ боиси камранг шудани нақши занон дар умури сиёси ва идории ин кишвар шудааст.

Интихоботи маҷлисҳои вилоятии Афғонистон дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ - 20 август доир мешавад ва дар маҷмӯъ барои ба даст овардани узвият дар шӯроҳои вилоятӣ ҳудуди 350 зан номзад шудаанд. Бархе аз ин занони номзад то имрӯз таҳти таҳдиду фишор қарор гирифтаанд то аз номзадии худ бигзаранд.

Қонуни асосии Афғонистон 25 дарсади курсиҳои порлумони ин кишварро ба сурати ҳатмӣ ба вакилони зан додааст
Дар гузориши ахири Созмони Миллали Муттаҳид ҳам гуфта мешавад, ки ҳарчанд қонуни асосии Афғонистон 25 дарсади курсиҳои парлумони он кишварро ба сурати ҳатмӣ ба вакилони зан додааст, теъдоде аз ин вакилон, ки узви ҳайати кунунии порлумони Афғонистонанд, изҳор доштаанд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳатто таҳдиди пайваста ба ҷони худ аз ширкат дар интихобот худдорӣ хоҳанд кард.

Аммо аксар занони одии Афғонистон аз ширкати номзадҳои зан дар интихоботи ҳам президентӣ ва вакили шӯрои вилоятҳо изҳори хушбинӣ мекунанд ва аз онҳо умедвориҳои зиёде доранд. Азима Содот як тан аз занони таҳсилкардаи афғон мегӯяд, онҳо бо алоқамандии зиёд дар ин маъракаи муҳими кишварашон ширкат ва аз ҳаққи худ истифода хоҳанд кард.

Дар девори харобгаштаи раёсати умури занон дар вилояти Қандаҳори Афғонистон тасвири зане овехта шудааст, ки пушти панҷара аст ва зери он навишта шудааст, ки «дар қарни 21-ум ҳам занони афғон бояд ё дар хона бошанд, ё дар қабристон». Дар ин бино раиси шӯрои занони Қандаҳор ба занон нақши онҳо дар интихобот ва тарзи раъйдиҳиро меомӯзад.

Аммо масъулини идораи занон дар Афғонистон мегӯянд, бо ин вуҷуд дар бархе аз манотиқ ба вижа дар ҷануби Афғонистон аксар занон имкони назди нуктаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудану овоз доданро надоранд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки 52 дар сади аҳолии Афғонистонро занҳо ташкил медиҳанд ва дар миёни 41 номзад барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Афғонистон, 2 намояндаи зан рақобат мекунанд, вале ба қавли коршиносон шонси ин ду номзади зан ҳам дар интихоботи рӯзи 20 август хеле ночиз аст.

Бо ин вуҷуд Шаҳло Ато, яке аз номзадҳои зан дар интихоботи президентӣ, гуфтааст, муҳим барои ӯ на ғолибият, балки ҷалби занон барои ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ва идории Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG