Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Кӯли Сарез баррасӣ мешавад


Тоҷикистон моҳи оянда конфронси байналмилалиеро дар мавриди кӯли азими Сарез баргузор мекунад, ки дар он вазъи кӯл хатароти эҳтимолӣ ва дурнамои истифодаи захираҳои оби он баррасӣ мешавад. Ҳадафи аз ин конфронс,ки аз 2 то 4-уми сентябр доир хоҳад шуд, баррасии масъалаи пешгирӣ аз хатари рахнашавии Сарез аст, ки метавонад, фалокати азимеро ба сари панҷуним миллион нафар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ биёрад. Кӯли Сарез, дар Бадахшони Кӯҳӣ, дар ҳавзаи рӯдхонаи Ому ҷойгир буда ва бештар аз 17 километри мукааб об дорад. Ба гуфтаи донишмандон, хатари рахнашавии ин кӯл, ки соли 1911 бар асари заминларза ба вуҷуд омадааст, ҳанӯз ҳам боқист. Конфронси мазкур бо мусоидати ду муассисаи Созмони Милал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG