Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории хунин Ингушистонро такон дод


Мақомоти шаҳри Назрани маркази ҷумҳурии Ингушистони Русия мегӯянд, имрӯз бар асари бомбгузорӣ дар як қароргоҳи милисаи ин шаҳр дасти кам 12 нафар кушта шуданд. Ба иттилоъи додситонҳо, ҳамлавар мошини боркаши бомбгузоришудаеро ба қароргоҳи милиса равона кардааст, ки дар онҷо кормандони милиса саф ороста буданд. Шаст нафари дигар, аз ҷумла нӯҳ кӯдак низ дар ин таркиш маҷрӯҳ шудаанд. Ингушистон тайи чанд моҳи ахир шоҳиди афзоиши ҳамлаҳои тундравони исломӣ ва ё муноқишаи гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG