Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи эътирозгарон дар Эрон


Лаҳзае аз муҳокимаи додгоҳии эътирозгарон
Лаҳзае аз муҳокимаи додгоҳии эътирозгарон

Рӯзи якшанбе додгоҳи инқилобии шаҳри Теҳрон муҳокимаи боз 25 нафари муттаҳам бо иштирок дар эътирозҳои баъди интихоботро шурӯъ кард.

Дар пайи эътирозҳои саросарӣ баъд аз интихоботи президентии Эрон мақомоти ин кишвар беш аз сад сиёсатмадору фаъолони мухолифинро боздошт намуданд.

Расонаҳои эронӣ номҳои афроди муҳокимашавандаро ошкор накардаанд. Ба қавли хабаргузори расмии ИРНО, онҳо бо кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ, тахриби моликияти ҷамъиятӣ ва ҳамла ба ходимони давлатӣ айбдор мешаванд.

Ин сеюмин даври муҳокимаи эътирозгарон аст, ки аз тарафи мухолифини эронӣ "муҳокимаҳои намоишӣ" унвон гирифтааст.
Дар байни беш аз 100 боздоштшуда сиёсматдорони маъруф, аз ҷумла собиқ ноиб-президенти Эрон дар давраи раёсатҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ Муҳаммадалии Абтаҳӣ ва Муҳсин Мирдомодӣ собиқ раҳбари ҳизби Ҷабҳаи Мушорикати Исломӣ мавриди муҳокимаи дастаҷамъӣ қарор гирифтанд.

Мухолифини эронӣ изҳор намудаанд, ки дар боздоштгоҳ баъзе маҳбусон латтукӯб шудаанду ба номуси шуморе аз онҳо таҷовуз сурат гирифтааст. Вале ҳукумати Эрон ин айбномаро рад кардааст.

Ҳомии ҳуқуқи башар хонум Насрин Сутуда вакили мудофиаи рӯзноманигори ислоҳотталаби маҳбус Исои Саҳархез аст. Ӯ мегӯяд, ки дар зиндон Саҳархезро латтукӯб намуда, дар утоқи танҳо ҷой додаанд.

Шиво Назар Аҳарӣ, донишҷӯи фаъол, дар пайи эътирозҳои моҳи июн дастгир ва ба зиндони Эвин интиқол ёфт. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ модари Шиво гуфт, ки то ҳанӯз духтараш имкон надоштааст, ки бо вакили мудофиа ва ё хешу ақрабо тамос гирад.

Мазёр Баҳорӣ, рӯзноманигори эронитабор аз Канадаро ҳамроҳ бо рӯзноманигорони дигар баъди эътирозҳо боздошт намудаанд. Вакили мудофеи ӯ - Солеҳ Некбахт изҳор намуд, ки Баҳориро бо таҳдид ба амнияти давлат муттаҳам мекунанд, вале дар муддати ду моҳи боздошт Некбахт имкон надоштааст бо Баҳорӣ вохӯрад.

Баъди интихоботи президентии 12-уми июн ва эълони пирӯзии президент Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин раъйдиҳӣ садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада, бар зидди даври дуюми раёсатҷумҳурии Аҳмадинажод ва тақаллуб дар раъйдиҳӣ садо баланд карданд.

Дар эътирозҳои баъдиинтихоботӣ камаш 30 кас кушта шуданд. Бар пояи омори расмии ҷумҳурии исломӣ дар иртибот бо эътирозҳо беш аз 3000 нафар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG