Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи Рамазон 22-юми август фаро мерасад


Тибқи иттилои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи шанбеи 22-юми август фаро мерасад.

Маъруф Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфтааст, ки дар ин бора маҷлиси Шӯрои уламо қарор қабул кардааст. Ба гуфтаи вай, фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз сӯйи ходимони дин ва аз рӯи ҳисоби иҳҷазабуд муайян карда шудааст.

Аммо эҳтимол дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Туркия моҳи шарифи Рамазон як рӯз пештар, яъне дар рӯзи 21-уми август оғоз ёбад. Ва акнун дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гурӯҳи наврасонеро ҳам дидан мумкин аст, ки дар даст бастаи тақвими моҳи шарифи Рамазонро доранд, ки онро шӯрои уламо нашр кардааст ва дар он субҳидам, баргузории ифтор, вақти гузоштани намозҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Вале тавре аз солҳои пешин дар ёд дорем, як номувофиқатӣ ё тафовуте миёни тақвими рамазонии Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мушоҳида мешуд. Яъне, онҳое, ки аксаран аз ҳизби наҳзат пайравӣ мекарданд, тақрибан як рӯз пештар рӯза мегирифтанд ва ба ин тартиб нофаҳмие миёни сокинон ба вуҷуд меомад.

Ба ин хотир бо домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сари сӯҳбат нишастем ва суоли нахустини мо ҳам аз ӯ дар ин бора буд, ки оё миёни тақвими имсолаи рамазонии Шӯрои уламои маркахи исломии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ тафовуте ба назар мехӯрад ё не?

Барои шунидани посух лутфан рамзи радиоро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG