Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул маргталаб ҳаёти 7 нафарро аз байн бурд


Дар Кобул бомбгузори маргталаб мошинашро тарконида, ҳафт нафарро ба қатл расонд. Дар ин ҳамла, ки дар канори қароргоҳи нерӯҳои паймони НАТО ба вуқӯъ пайваст, камаш 91 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон Зоҳир Азимӣ мегӯяд, инфиҷор дар рӯ ба рӯи дарвозаи асосии нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) ба амал омад. Дар ин минтақаи Кобул сафоратҳои Ҳиндустон, Испания, Италия, ИМА ва қасри раёсатҷумҳурӣ қарор доранд. Ҷумбиши Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Сухангӯи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид тариқи телефон ба хабаргузории Рейтерс гуфт, ки ҳадафи ҳамла сафорати ИМА буд, вале он ноком шуд. 20-уми август дар Афғонистон интихоботи президентиву маҳаллӣ барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG