Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмони "нодири" Ҷумҳурии Белорус


Як дипломати баландпояи Амрико имрӯз вориди Минск шуд, то бо мақомоти олирутбаи ҳукумати Белорус ва раҳбарони мухолифин мулоқот кунад. Филип Гордон – ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Аврупо ва Авроосиё, пеш аз сафар ба Минск гуфт, агар Ҷумҳурии Белорус мехоҳад, таҳримоти Амрико алайҳи он бардошта шавад, пас бояд иҷоза бидиҳад, то матбуот, нерӯҳои мухолифин ва гурӯҳҳои ғайридавлатӣ озодона фаъолият кунанд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо солҳост, ки Александр Лукашенко – раиси ҷумҳури Белорусро ба саркӯбии мухолифонаш, таъқиби озодии матбуот ва тақаллубкорӣ дар интихоботҳо муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG