Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик раҳо шуданд


Муҳочирони корӣ дар яке аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон
Муҳочирони корӣ дар яке аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон

Ду муҳоҷири тоҷик, ки дар як посгоҳи марзии Қазоқистон боздошт шуда, мошинашонро чун моли шубҳанок барои бозрасӣ гирифтанд, раҳо гардиданд.

Ҷаслан Асилбеков, сарвари идораи мубориза бо қочоқи раёсати назорати гумруки вилояти Қазоқистони ҷанубӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик субҳи имрӯз, 12-уми август, савори аз Чимканд берун шудаанд.

Вақте мо ба Фарҳод Ашӯров занг задем, вай бо хушҳолӣ гуфт, ки онҳоро раҳо кардаанд ва алъон онҳо роҳ ба сӯи марзи Ӯзбакистон гирифтаанд. Сӯҳроб ба пурсиши мо, ки рӯзҳои охир кормандони гумрук ба онҳо чи гуна муносибат доштанд, посух дода изҳор кард, ки «не, баръакс хуб шуд, ки мо ба шумо занг задем. Агар мо ба шумо занг намезадем, мумкин боз ду се ҳафтаи дигар моро ҳамин хел манъ мекарданд».

Дар сомонаи радиои Озодӣ баъди чопи матлаб дар бораи боздошти ин ду муҳоҷир баъзе хонандагон, аз ҷумла Болтубой аз Душанбе, навишта буд, ки барои раҳоӣ бояд ришва дод. Чун онҳо ришва надодаанд, онҳоро бардавом нигоҳ медоранд.

Вақте мо ин гуфтаи Болтубойро ба Фарҳод расондем ва дар ин бора назарашро пурсон шудем, вай чунин гуфт, «не, ягон чиз надодем, тез-тез корҳоямонро иҷро карданд ва хеле зиёд занг заданд, ки ташвиш накашед ва гуфтанд, ки чаро шикоят кардед. Мо гуфтем, ки охир агар мо ҳамин корро намекардем, шумо моро бештар нигоҳ медоштед. Сӯҳроб ҳам пеш пеши ман савори мошин рафта истодааст. Ӯро корманди гумрук ҳамроҳӣ мекунад, зеро ронандааш ба Хуҷанд рафта буд… Ҳазор раҳмати Худо. Аз Худои таъоло миннатдорем, ки шумо ҳастед».

Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Ҳоҷиматов ва Фарҳод Ашӯровро, ки дар Русия аз дастмузди корашон мошини сабукрави нав харида буданду онро ба Тоҷикистон мебурданд, дар посгоҳи марзи кормандони гумруки Қазокистон боздошт карданд ва ба шаҳри Чимканд - дусад километр дарунтари кишвар бурданд.

Онҳо гуфтанд, ки мошинҳо шубҳаноканд ва бояд бозрасӣ шаванд. Ва дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ду рӯз қабл масъулини гумрук изҳор карда буданд, ки баъди анҷоми бозрасӣ тайи як-ду рӯз муҳоҷиронро раҳо хоҳанд кард ва мошинашонро бозпас хоҳанд дод ва 12-уми август муҳоҷирон баъди 11 рӯзи сарсонӣ савори мошинашон озими Тоҷикистон шуданд.
XS
SM
MD
LG