Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сарнавишти Сан Су Чӣ дар Шӯрои Амният


Дирӯз Шӯрои Амнияти СММ тасвиби қатъномаеро, ки Мянмарро барои тамдиди замони ҳабси хонагии Сан Су Чӣ маҳкум мекард, ба тавқиф гузошт. Нишасти изтирории Шӯро бо ибтикори Фаронса даъват шуд, вале Чину Русия ва Ветнаму Либия ба матни қатънома эрод гирифтанд. Амрико мехоҳад, ки ҳамаи 15 узви Шӯрои Амният тасмими хунтаи Мянмар дар мавриди то 18 моҳи дигар тамдид кардани замони ҳабси хонагии раҳбари мухолифини он кишвар Сан Су Чиро бо иттифоқи оро маҳкум кунад. Аммо Чину Русия дар гузашта ҳамеша монеъи чунин ибтикорот алайҳи хунтаи Мянмар мешуданд.
XS
SM
MD
LG