Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди Медведев аз раҳбарони Украина


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев башиддат аз раҳбарияти Украина интиқод кард ва хатти машши Киевро алайҳи Русия ва мояи бад шудани равобиташ бо Маскав номид. Медведев дар як номаи саркушода ба ҳамтои украиниаш Виктор Юшенко гуфт, ирсоли сафири ҷадиди Русия ба Киевро ба таъхир меандозад. Медведев изҳори умед кард, ки раҳбари нави Украина, ки дар моҳи январи оянда интихоб хоҳад шуд, равобити Киев бо Маскавро беҳтар карда метавонад.
Медведев раҳбарони Украинаро айбдор кард, ки роҳҳои тахриби равобити иқтисодӣ бо Русияро пеш гирифтаанд. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба фурӯши аслиҳаи украинӣ ба Гурҷистон Украинаро шарики, ба гуфтаи ӯ, “ҷиноятҳо”-и Гурҷистон дар ҷараёни ҷанги ахири Маскав бо Тифлис бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ хонд.
XS
SM
MD
LG