Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аун Сан Су Чӣ ба ҳабси хонагӣ бозгардонида шуд


Додгоҳи Мянмар раҳбари мардумсолор Аун Сан Су Чиро дар нақзи қонуни амният айбдор кард ва ӯро маҳкум намуд, ки ба ҳабси хонагӣ баргардад. Ӯро барои он дар нақзи шароити ҳабси хонагӣ айбдор карданд, ки марди амрикоие дар моҳи май бо шино аз кӯл ба манзили вай ворид гашт. Додгоҳ аввал барандаи 64-солаи Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба се соли зиндон ва кори иҷборӣ маҳкум кард, аммо раҳбари режими ҳарбии Мянмар ин ҳукмро тағйир дод. Иттиҳоди Аврупо ин қарорро маҳкум ва озодии фаврии Су Чиро талаб кард.
XS
SM
MD
LG