Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз "додгоҳҳои намоишӣ" дар Эрон


Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс додгоҳҳои, ба таъбири ӯ, “намоишӣ”-и тазоҳургаронеро, ки алайҳи натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон эътироз карда буданд, маҳкум кард. Сюзан Райс чунин муҳокимаҳоро далели рӯшани аз расидагӣ ба нигаронии мардум дар мавриди машрӯъияти интихобот сар печидани раҳбарони Эрон номид.
Райс гуфт, мавриди шиканҷа қарор гирифтани бархе аз тазоҳургарон “мояи нигаронии амиқ”-и Амрико шудааст.
XS
SM
MD
LG