Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон Сантушро ба интихобот даъват кард


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки силсиласафараш ба кишварҳои қораи Африкоро идома медиҳад, раисиҷумҳури Ангола Жозе Эдуардо душ Сантушро ба интихобот даъват кард. Сантуш аз соли 1975, аз замони касби истиқлоли Ангола раҳбарии ин кишварро дар даст дорад.
Клинтон қаблан раҳбарони Кенияро низ ба сӯи ислоҳоти демократӣ даъват карда буд. Ба дунболи Ангола, вазири умури хориҷии Амрико аз Ҷумҳурии демократии Конго дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG