Қурбоналӣ Хуҷамов, рӯзноманигорони маъруфи тоҷик, бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Панҷакент ба ҳалокат расидааст. Тибқи хабарҳои расида аз ин минтақа, дар ин садама ҳамчунин писари ӯ ва бародараш низ ҷони худро аз даст додаанд. Қурбоналӣ Хуҷамов солҳои зиёде дар радио ва телевизиёни давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2004 муассис ва баъдан сармуҳаррири ҳафтаномаи "Зиндагӣ" буд.